Уругвай ва Ҷопон рақибони Тоҷикистон дар “Ҷоми Каспий”
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16), бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикашӣ Сузукӣ, пас аз омодагиҳо дар Баҳрайн, рӯзи 28 май, барои иштирок мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” ба Баку сафар карданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ин мусобиқот 12 дастаи навраси то синни 17-сола дар чор гурӯҳ ширкат меварзанд. Ба ҳар як гурӯҳ 3 дастаӣ шомил шудаанд, дар ин радабандӣ Тоҷикистон бо дастаҳои Уругвай ва Япония қувваозмоӣ мекунад.
Имруз 29-уми май, футболбозони навраси тоҷик дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон нахустин бозии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий”-ро бо тими наврасони Уругвай анҷом медиҳанд. Бози соати 16:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Мунтахаби наврасони тоҷик рӯзи 30-уми май дар бозии дуюми мусобиқаи мазкур бо футболбозони навраси Ҷопон ба сабқат мебароянд. Ин бозӣ соати 20.00 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо мақоми аввалро касб мекунанд, барои ба дастовардани “Ҷоми Каспий” рақобатро идома медиҳанд.
Тақвими бозиҳои гурӯҳии “Ҷоми Каспий”
Гуруҳи А: Озорбойҷон, ИМА, Қирғизистон.
Гуруҳи B: Булғористон, Грузия, Қазоқистон.
Гуруҳи C: Туркия, Узбакистон, Урдун.
Гуруҳи D: Уругвай, Япония, Тоҷикистон.
Ҳайати наврасони Тоҷикистан оид ба футбол (U-16):
Дарвозабонон: Шаҳром Исмоилов (“Вахш”), Беҳрӯз Хайриев (“Норак”);
Муҳофизатгарон: Муҳаммади Ҳасан, Абубакр Азимов (“Равшан”), Эраҷ Сафаров (“Истиқлол”), Алишер Сафаров (РШВСМ), Фирӯз Ризомов (“Вахш”);
Ниммуҳофизатгарон: Искандар Мамадқулов, Сомон Мавлонов (“Саройкамар”), Сироҷ Гулмамадов (“Нурек”), Худойдод Узуков (“Вахш”), Муҳаммад Шарипов, Сухроб Муминов (РШВСМ);
Ҳамлагарон: Рустам Толибов, Собир Гуляков, Ҳасан Ҳакимов (РШВСМ), Ҳикмат Муллодустов (“Саройкамар”), Кароматилло Саидов (“Вахш”).