Эргашов талошҳои Душанбею Бишкекро беҳуда хондааст
Бархе аз коршиносони узбак тарҳи бунёди роҳи оҳани “Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон”-ро “фикри беҳуда” хондаанд.
Бахтиёр Эргашов, коршиноси узбак мегӯяд, тасмими якҷояи мақомоти Душанбею Бишкек дар мавриди бунёди роҳи оҳани “Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон” ва ба баррасӣ гирифтани он дар иҷлосияи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ беҳуда мебошад.
Зеро ба гуфтаи Эргашов, вазифаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бунёди роҳҳои оҳан намебошад: “Ба фикри мақомоти тоҷику қирғиз СПАД бояд, бо сохтмони роҳҳои оҳан машғул бошад, вале ин созмон барои иҷрои ингуна тарҳҳо таъсис наёфтааст.”
Эргашов мегӯяд, ташаббускорони ин тарҳро метавон дарк кард, зеро аз ин манфиатдоранд. Аммо мавқеи соҳибкорони рус, ки аз ин тарҳ ҷонибдорӣ мекунанд, муаммо мебошад. Зеро имрӯз роҳҳои дигари алтернативӣ вуҷуд доранд, ки онҳо метавонанд колоҳои худро то бандари Халиҷи Форс расонанд, ба хусус тариқи қаламрави Узбакистону Туркманистон.
Ёдрас менамоем, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми май бо ҳамтои қирғизи худ -- Алмосбек Атамбоев дар мавриди сохтмони роҳи оҳани “Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон” шартнома ба имзо расонид, ки давоми талошҳои мақомоти тоҷику қирғиз барои раҳоӣ аз пойбандии бештар аз Узбакистон арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи Атамбоев, "ин як тарҳи бузург мебошад, ки мо тасмим гирифтаем, дар якҷоягӣ иҷро кунем.”
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.
Ин талошҳо дар ҳолеанд, ки аввали моҳи март зимни сафари мақомоти қирғиз ба Душанбе маълум гардид, ки Тоҷикистон аз лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Эрон дар канор мондааст ва акнун ба ҷои Тоҷикистон дар ин лоиҳа Узбакистон ширкат хоҳад кард.