Маъмултарин ҷинояти занон дар Хатлон - дуздист
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни бонувон изҳори ташвиш менамояд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби занон 130 ҷиноят содир шудааст, ки дар қиёс бо як соли рафта 10 дарсад афзун буда, эшон аз ҳама зиёд бо ҷурми дуздӣ ва монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ба муҷозот кашида шудаанд.
«Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни занон Раёсати ВКД дар вилоят аз силсилаи табдирҳои вижа кор гирифтааст. Ҳамзамон аз тамоми қишрҳои ҷомеа, масъулони кумитаи занону ҷавонон, руҳониён ва фаъолон даъват мекунем, ки дар ин бобат бо мо ҳамкорӣ дошта бошанд»,-афзуд манбаъ.