Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо намояндаи кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз мулоқот кард.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд, зимни нишаст масоили ҳамкории Тоҷикистон бо кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар соҳаи таъмин намудани аҳолӣ бо дастрасии хизматҳои тиббӣ ва оби нӯшокӣ, аз ҷумла сохтмони бинои маркази КБСС дар ноҳияи Рашт, маркази тибби муосир бо таҷҳизоти ташхисии тиббӣ ва лоиҳаи бо об таъминкунии аҳолӣ, муҳокима гардиданд. Инчунин, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи минарубӣ ва таҳкими иқтидор дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла беҳсозии шарту шароит дар муассисаҳои пенититсиарӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Маврид ба ёдоварист, намояндагии КБСС фаъолияти худро дар Тоҷикистон моҳи январи соли 1993 оғоз кардааст. Дар чорчӯби фаъолияти худ ин кумита, кӯмакҳои башарӣ ва тиббӣ мерасонад, барои интишори дониш дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии башарӣ мусоидат карда, барномаи огоҳӣ аз хатари минаҳоро татбиқ менамояд.{jathumbnail off}