"Ҳайронем, чаро Тоҷикистон гӯшти парранда аз Чинро манъ намекунад"
Қирғизистон воридоти гӯшти паррандаро аз Чин тариқи қаламрави худ қатъиян манъ кардааст.
Тавре Самад Алиев, муовини раиси Бозрасии давлатии бехатарии санитарӣ-ветеринарии Қирғизистон, ба бахши русии “Озодагон” иттилоъ медиҳад, ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси зукоми парранда -- H7N9 гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Алиев, воридоти гӯшти парранда ба Қирғизистон дар ҳоли ҳозир аз 11 минтақаи Чин, ки дар онҳо нишонаҳои ин вирус ба мушоҳида мерасад, манъ карда шудааст.
Инчунин Алиев афзудааст, интиқоли гӯшти паранда аз Чин ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Қирғизистон низ мамнуъ мебошад: “Мо намедонем, чаро ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид маҳдудият эҷод намекунанд. Вале мо ба ин нигоҳ накарда ворид ва интиқоли гӯшти паррандаро аз 11 минтақаи Чин тариқи хоки Қирғизистон манъ мекунем.”
Алиев афзудааст, чанде қабл дар мавриди интиқоли гӯшти парранда аз минтақаи Шинҷони Чин тавассути Қирғизистон ба Тоҷикистон дархости иҷоза шуда буд. Аммо ба гуфтаи ӯ, мақомоти қирғиз ин дархостро ба хотири шомил будани минтақаи Шинҷон дар феҳристи манотиқи мамнуъ рад карданд.