Душанбе Иди мусиқиро бо гуруҳи Карагосси Фаронса ва “бобои Холиқ” ҷашн мегирад
Якуми июн дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе аз Иди мусиқӣ таҷлил мекунанд.
Аз Маркази фарҳангии Бохтар ба “Озодагон” гуфтанд, ки чорабинӣ соати 14:00 бо баргузории намоишгоҳи тобистонаи ҳунарҳои косибӣ оғоз мешавад: “соати 17:30 консерт бо ширкати ҳунармандони гуруҳи Карагосс (Caragoss’)-и Фаронса ва чанд сароянда аз Тоҷикистон, назири Абдухолиқ Суфиев ва гуруҳи “Ҷерай” дар назар аст. Даромад озод мебошад”.
Иди мусиқӣ бо ташаббуси Вазорати умури хориҷии Фаронса аз соли 1982 ҷашн гирифта мешавад. Дар Фаронса аз ин сана хеле бошукуҳ таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз овозхонҳои жанрҳои мухталиф барномаҳои ройгони консертӣ медиҳанд. Бештари ҳунарнамоиҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, назири кӯча, осорхона, маҳбас ва шифхонаҳо мегузаранд.
Шурӯъ аз соли 1985 Иди мусиқиро дар 120 кишвари ҷаҳон ҷашн мегиранд. Дар чанд соли ахир бо ташаббуси сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии Бохтар ин рӯз дар Тоҷикистон низ таҷлил мешавад.