Телевизиони К+ дар моҳвора ҳам дастнорас шуд
Тамошои барномаҳои шабакаи телевизионии К+-и Қазоқистон аз тариқи моҳвора номумкин шудааст.
Чанд нафар аз шаҳрвандон ба “Озодагон” гуфтанд, аз субҳи дирӯз, 28-уми май наметавонанд, барномаҳои ин шабакаро тамошо кунанд. “Вақте ин шабакаро интихоб мекунем, “мавҷ нест” мегӯяд”,-гуфт яке аз сокинони Душанбе дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори мо.
Мушкили пахши шабакаи К+ тариқи моҳвора дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл дастрасӣ ба сомонаи интернетии он -- www.kplus-tv.net ҳам масдуд шуд. Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали раҳбари Хадамоти алоқа дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфта буд, ки ниҳодашон дар масдудияти ин сомона даст надорад: «шояд ҳамон провайдерҳо мушкил дошта бошанд, ё худи ширкати К+. Вале мо ба ин сомона ҳеч кордор ҳам нашудаем».
Масдудияти сомона ва мушкил дар тамошои телевизиони К+ ба дунболи нашри туйи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ афтод. Тӯйи Рустами Эмомалиро К+ дар шарҳи Додоҷони Атовулло, яке аз мухолифи ҳукумат пешниҳод кард, ки сабаби вокунишҳои зиёде дар Тоҷикистон шуд.