Интиқоди консули Тоҷикистон аз тарзи либоспӯшии муҳоҷирон
Муҳаммадназар Мирзозода, консули ифтихории Тоҷикистон, дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия, аз сатҳи пасти забондонии муҳоҷирони кории тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, мегӯяд, баъзи онҳо умуман забони русиро намедонанд.
Номбурда зимни як нишаст, ки дар Душанбе баргузор шуд, иброз доштааст, пеш аз ҳама тарзи либоспӯшии муҳоҷирони корӣ диққати намояндагони ҳифзи ҳуқуқи Русияро ба худ ҷалб менамояд.
Ба қавли Мирзозода, муҳоҷирони меҳнатие, ки барои кор ба Русия мераванд, дар аввал бояд ба рафтору одоби худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд: «Бисёре аз шаҳрвандони мо ба расму оин ва қонунҳои Русия аҳамияти ҷиддӣ надода, дучори проблемаҳо мегарданд. Дар бораи касбомӯзии онҳо ҳоҷати гап нест, кулли онҳо ягон касберо аз худ накарда, ба Русия мераванд».
Интиқоди консули ифтихорӣ дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷир барои кор меравад.