Ҳукумат Бозор Собирро ҳамчун шоир ба ватан овард, ё..?
Абдулазизи ВОСЕЪ
Сафари дуюним соли пеши Бозор Собир аз ин сафараш ба куллӣ фарқ дошт. Дар он сафар мақомот ҳатто ҷуръат накарданд, ки як маҳфили шеъри ӯро созмон диҳанд, ин навбат дар фурудгоҳ гули сари сабади мақомоти давлатӣ шуд.
Мегӯянд, ки хоби мард дурӯғ аст. Аммо як хоби дидаи ман дар арафаи сесолагияш дуруст баромад. Ин хобро дар "Озодагон" ҳам нашр карда будам. Моҳи августи соли 2010 буд. Ёдатон омад, он замон чӣ иттифоқе афтода буд? Бале, Бозор Собир, шоири маъруф ба Тоҷикистон баргашт.
Шаби он рӯз (29-уми июл), ки Бозор Собир ба Душанбе омад, хобе дидам. Хоби қашанге. Хоб дидам, ба пешвози Бозор Собир ба ҷуз аз дӯстону пайвандон намояндаҳои мақомоти давлатӣ ҳам ба фурудгоҳ рафтаанд. Аз телевизионҳои давлатӣ ҳам буданд. Аммо воқеият дигар буд. Бо ин вуҷуд, ки омадани Бозор Собир аз чанд рӯзи қабл эълон шуда буд, аз мақомоти давлатӣ ва Иттифоқи нависандагон, ки шоир солҳо онҷо кор кардааст, касе ба пешвозаш наомад. Аз ҳунармандон танҳо Ортиқи Қодир ва Ибодулло Машрабов ва аз овозхонҳо Саидқул Билолов онҷо буданд.
Бозор Собир баробари ҳамаи мусофирон аз толори умумӣ берун шуд, чанд дақиқа бо дӯстону журналистон суҳбат кард ва бо мошини кирокардаи духтараш фурудгоҳро тарк намуд.
Аммо ин навбат… Ин навбат шоир ғайриинтизор омад. Дақиқтараш оварданд. Танҳо соате пештар журналистони расонаҳои мустақил хабар ёфтанд, ки Бозор ба ватан меояд.
Ин бор фурудгоҳ пури пешвозгирандагони галстукдор буд, ки дар садрашон Маҳмадсаид Пиров, мудири бахши фарҳангии дастгоҳи раёсати ҷумҳур меистод. Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанг, Низом Қосим, шоир ва узви Маҷлиси намояндагон, Ибодулло Машрабов, раҳбари Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва чандин чеҳраҳои дигари ба қавле давлатӣ онҷо буданд. Чеҳраҳоеро дидан мумкин буд, ки замоне агар номи Бозорро пешашон мегирифтӣ, худро канор мекашиданд. Бозорро тавассути толори VIP ё «барои шахсони хеле муҳим» аз фурудгоҳ берун карданд. Ҳар нафар ҳам ҳаққи вуруд ба ин толорро надошт. Муҳофизон тибқи рӯйхат ба одамон иҷозаи даромадан медоданд ва табиист, ки исми рӯзноманигорони расонаҳои мустақил онҷо набуд.
Ба ҳар навъ аз суҳбати шоир бо хабарнигорони рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ҷилавгирӣ мешуд. Аммо телевизионҳои давлатӣ бо ӯ суҳбати вижае анҷом доданд ва он дар шабакаҳои давлатӣ хуб сайр кард. Журналистони дигар танҳо баъд аз хоҳишу дархости зиёд муваффақ шуданд, ки ҳамагӣ барои чанд дақиқа бо шоир суолу ҷавоб кунанд. Дар сафарҳои қаблии Бозор ҳеч расонаи давлатӣ аз ӯ ном нагирифта буд, ин навбат ӯро шоири маҳбуб гуфтанд.
Бозор Собир вақте соли 2010 мехост Тоҷикистонро тарк намояд, гуфта буд, ки ба Амрико барои мурдан меравад, аммо дар суҳбат ба расонаҳои давлатӣ гуфт, барои мурдан ба Тоҷикистон омадааст. Сабаби ин қадар меҳрубониҳои мақомот он буд, ки Бозор Собир ин навбат бо даъвати президент ба ватан баргашт.
Чанд соли пеш бархе соҳибназарон пешниҳод карда буданд, ки бояд Эмомалӣ Раҳмон бевосита барои ба ватан овардани Бозор Собир иқдом кунад. Махсусан, баъд аз он ки Акбари Турсон, донишманди тоҷик, ки понздаҳ сол дар Амрико зиста буд, бо даъвати президент ба Тоҷикистон омада, раҳбарии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улумро бар уҳда гирифт, ин даъватҳо бештар гардид. Аммо ин даъват замоне иттифоқ афтод, ки Тоҷикистон дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад. Фикр мекунед танҳо як тасодуф аст?
Бозор Собир баъд аз он тарки ватан кард, ки ба таъбири худаш 9 моҳу 9 рӯз зиндонӣ шуд. Авоили соли 1993, вақте ҷонибдорони Фронти Халқӣ сари қудрат омаданд, Бозор Собир маҳбус гардид. Гуфта мешавад, дар озод кардани ӯ нақши созмонҳои байналмилалӣ ва рӯшанфикрони Русия муассир будааст. Баъди раҳоӣ чанд муддат дар Маскав буд ва баъдан ба Амрико кӯч баст. Дар як шеъраш мегӯяд, вақте ватанро тарк мекард гуфт, рӯйи он дар шишаи ҳавопаймо хат мекашад, аммо беихтиёр онро бӯсид.
Ҳоло интизор мешавем, ки ҳукумат ӯро ҳамчун шоир ба ватан овардааст, ё хайр.