Пешниҳоди Саодат Амиршоева барои табобати бепули саратон (рак)
Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон, пешниҳод намудааст, ки табобати бемориҳои саратон дар кишвар ройгон ё бепул роҳандозӣ шавад.
Хонум Амиршоева рӯзи 28уми май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин пешниҳодро дар нишасти ахири Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ба вазири тандурустии кишвар, Нусратулло Салимов, ироа намудааст.
Вакили парлумон афзуд, ин пешниҳод мавриди истиқболи вакилон қарор гирифтааст ва айни ҳол барои таҳияи қарори дахлдор машғуланд.
Вай илова кард, дар дигар кишварҳо, масалан дар Русия, ҳамагуна касалиҳои саратон ройгон аз ҳисоби буҷаи давлат табобат карда мешавад: “Дар мо ақаллан табобати саратони ғадудҳои сина ба хонаводагони ниёзманд аз ҳисоби буҷаи давлат ройгон карда шавад. Чунки шумораи духтарони мубтало касалии ғадудҳои сина майли афзоиш дорад. Оилаҳои бой худро табобат менамоянд, вале оилаҳои камбизоат, ки имконияти табобат карданро надоранд мурда рафта истоданд.»
Дар ҳамин ҳол Амиршоева таъкид намуд, ки ин раванд бояд ҳар чӣ зудтар дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад.