Губернатори вилояти Маскав: Русия бе муҳоҷирони корӣ ҳеч аст
Андрей Воробёв, губернатори вилояти Маскав, мегӯяд, кишвараш бидуни нерӯи муҳоҷирони кории хориҷӣ аз рушд ва пешрафт боз хоҳад монд.
Воробёв, ки чанде қабл аз сӯи раисиҷумҳури Русия ба ин симат таъин гардид, дар ин бора зимни суҳбат бо шабакаи телевизионии НТВ-и Русия ибрози назар кардааст.
Ӯ дар робита ба дархости бархе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои миллатгарои рус гуфтааст: “Мо ҳамасола бар асоси ниёзҳои худ ба беш аз 102 ҳазор нерӯи кории хориҷӣ дар вилояти Маскав иҷоза медиҳем. Аз ин рӯ, ҷонибдори беҳтар шудани шароити зисту ҷойҳои кории ин афрод мебошем ва умедворем, ки корфармоёни рус амнияти иҷтимоии онҳоро таъмин хоҳанд кард.”
Ба қавли Андрей Воробёв, ҳоло 30 дарсади нерӯи кории вилояти Маскавро дар бахшҳои гуногун, ба хусус саноат ва сохтмон, шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои расмӣ ҳудуди як миллион ва аммо бар пояи иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди ду миллион сокини Тоҷикистон барои кору зиндагӣ дар Русия қарор доранд. Соли гузашта ин гуруҳи муҳоҷирон тавассути бонкҳо ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон чаҳор миллиард доллар пул фиристода буданд, ки бештар аз буҷаи давлатии ин кишвар аст.
Вале ин изҳороти Воробев дар ҳоле садо медиҳанд, ки бархе аз мақомдорони рус борҳо барои маҳдуд кардани ҳузури муҳоҷирон, бахусус, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия овоз баланд кардаанд. Онҳо пешниҳод доранд, ки миёни Душанбеву Маскав виза ё раводид ҷорӣ шавад, то аз ин тариқ тавонанд муҳоҷирати тоҷикон ба Русияро контрол кунанд.