Ваъдаи мушовирони президент барои ҳалли мушкили “Мовароуннаҳр”
Саҳмдорони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” мегӯянд, ахиран ба дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон пазируфта шудаанд ва мушовирони президент ваъда додаанд, ки ба мушкилашон расидагӣ хоҳанд кард.
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои саҳмдорони ҶДММ “Мовароуннаҳр” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 27-уми май бо муштариён ва мутассидиёни "Мовароуннаҳр" ба Дастгохи иҷроияи президент рафтаанд: “Дар он ҷо моро мудири шуъбаи назорат ва котиботи дастгоҳ Амрхуҷа Ғоибназаров қабул намуда, арзи моро шунид ва маълумот дод, ки оиди беасос дар ҳабс будани амволи "Мовароуннахр" ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маълумот додааст.”
Ёров, мегӯяд дар дастгоҳи иҷроя оиди дастуроти Эмомалӣ Раҳмон барои расидагӣ ба мушкили саҳмдорони “Мовароуннаҳр” пурсон шудем: “Ба мо телефони кории Ҷумъахон Давлатов доданд ва дар суҳбат бо ӯ маълум шуд, ки мактуби моро Содиқ Шоназаров, мушовири калони дигари президент рӯи даст гирифтааст. Содиқ Шоназаров дар як суҳбати телефонӣ ба мо гуфт дар ҳақиқат қазияи мазкурро дар асоси супориши раисҷумҳур ҳаматарафа омӯхта истодааст ва то 30 майи соли равон чораҳои дахлдори фаврӣ нисбати ашхосе, ки вазъро то ба ҳамин дараҷа расонидаанд ва ҳуқуқи зиёда аз 800 саҳмдорро маҳдуд намудаанд, андешида мешавад.”
Бузургмеҳр Ёров афзуд, бо муфаттиш Умед Пулодов низ суҳбат доштаанд: “Талабномаи дигари моро дидситони кул ба сардори раёсати назорати умумӣ ва тафтишотӣ равона намуда буд ва хамзамон муфаттиш Умед Пулодов ба ин кор ҷалб шудааст. Номбурда ҳуҷҷатҳои судиро омӯхта посух дод, ки баъди гирифтани хулосаи раёсати назорати умумӣ, дар масъалаи бекор намудани мактубе, ки 11-уми ноябри соли 2010 ба мақомотҳои нотариалӣ оиди манъ намудани бақайдгирӣ равона шудааст, чораандешӣ мекунад.”
Ёров аз қавли зерҳимояҳояш гуфт, дар сурати ҳалли ин ду мушкил саҳмдорони “Мовароуннаҳр” ба ҷои гирдиҳамоӣ дар пойтахт шанбегиро ташкил хоҳанд кард: “Мо эълон мекунем, ки ситоди гирдиҳамоӣ пароканда мешавад ва бо иштироки саҳмдорон ба ҷои гирдиҳамоӣ ба ободкорӣ ё ба ибораи дигар ба шанбегӣ мебароем.”
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилашон саҳҳомон ният доштанд, рӯзи сеюми июн дар рӯ ба рӯи бинои парлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ кунанд, аммо шаҳрдорӣ иҷозат надод.