Суоли мақомот аз модари Додоҷони Атовуллоҳ: Ӯ дар куҷост?
Хонаводаи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумат, дар рустои Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент мегӯянд, рӯзҳои охир зери фишори мақомот қарор доранд.
Ба қавли онҳо, се рӯз пеш як нафар бо наворбардор ба хонаи онҳо омада, худро дӯсти Додоҷон муаррифӣ намудаву хона ва модари 82-солаи журналистро ба навор гирифтааст. Наздикони Атовуллоҳ гуфтанд, “дертар маълум гашт, ки ин нафар корманди Телевизиони “Симо”-и шаҳри Панҷакент ва исмаш Ғайбулло будааст.”
Ғайбулло, корманди ТВ “Симо”, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯро касе супориш надода ва танҳо хостааст, аз модари Додоҷони Атовуллоҳ дуо бигирад. Аммо Додоҷони Атовуллоҳ мегӯяд, аз ин қазия огоҳ аст ва Ғайбулло ба ӯ гуфта, ки “супориш аз “боло” буд ва маҷбур ин корро кардааст”.
Аз сӯҳбати пайвандони Додоҷони Атовуллоҳ маълум шуд, ки рӯзи 27-уми май намояндагони мақомоти Панҷакент низ ба хонаи онҳо омада буданд ва аз модараш пурсидаанд, ки бори охир кай писарашро дидаасту бо ӯ дар тамос ҳаст ё не ва айни ҳол Додоҷон дар куҷо зиндагӣ мекунад.
Намояндагони мақомот иброз намудаанд, ки боз хоҳанд омад. Ба қавли пайвандони Атовуллоҳ, ин гуна тафтишу пурсишҳо аз соли 1992 мунтазам сурат мегиранд, вале дар ин авохир бештар шудааст.
Ин нигаронии хонаводаи Додоҷони Атовуллоҳ дар ҳолест, ки ахиран ӯ дар телевизони “К+” (Қазоқистон) навори тӯи арӯсии писари раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба намоиш гузошта, дар як навори дигар аз президент Раҳмон хост, то ба истеъфо биравад.
Дар акс: Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари созмони сиёсии "Ватандор" (Акс аз Фейсбук)