"Душанбе дар баҳси сохтмони Роғун ба пуштибонии Бишкек ниёз дорад"
Тоҷикистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ки ба мухолифатҳои шадиди бархе аз кишварҳои ҳамсоя рӯбарӯст, ба ҳамраъйии Қирғизистон такя мекунад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми май, зимни боздид аз Бишкек ибрози назар намудааст. Ӯ гуфта, ки тӯли 7 сол мешавад, кишварҳои ҳамсоя бо сохтмони тарҳи стратегии барои Тоҷикистон бисёр муҳим, нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, мухолифат доранд, “вале мо дар ин баҳс ба ҳамбастагии тоҷикону қирғизҳо такя мекунем.”
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ миёни Душанбе ва Бишкек ба "нақшаи аввалиндараҷа" табдил ёфтааст.
Ҷаноби Раҳмон гуфтааст, “мо тавонистем, рушди муҳими гардиши колоро ба даст орем, ки он ба 80 миллион доллар расидааст. Аммо захираҳои савдои дутарафа ҳанӯз ҳам пурра сарфа нашудааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуда, ки барои Душанбе устувор намудани равобит бо кишварҳои ҳамосояи худ дар сиёсати берунааш дар мадди аввал қарор дорад ва дар ин маврид дӯсти маҳаллии қирғизи мо низ ҷойгоҳи хосса дорад.”
Илова бар ин, Қирғизистону Тоҷикистон талош доранд, ҳарчи зудтар бунёди роҳи оҳанро низ бе убур аз қаламрави Узбакистон оғоз кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми май бо ҳамтои қирғизи худ -- Алмосбек Атамбоев дар мавриди сохтмони роҳи оҳани “Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон” шартнома ба имзо расонд, ки давоми талошҳои мақомоти тоҷику қирғиз барои раҳоӣ аз пойбандии бештар аз Узбакистон арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи Атамбоев, "ин як тарҳи бузург мебошад, ки мо тасмим гирифтаем, дар якҷоягӣ иҷро кунем.”
Қаблан, дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ раҳбарони Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон дар Ашқобод ёддошти тафоҳум дар мавриди сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба имзо расонданд. Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон, низ аз он дастгирӣ карда буд. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов, ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.
Ин талошҳо дар ҳолеанд, ки аввали моҳи март зимни сафари мақомоти қирғиз ба Душанбе маълум гардид, ки Тоҷикистон аз лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Эрон дар канор мондааст ва акнун ба ҷои Тоҷикистон дар ин лоиҳа Узбакистон ширкат хоҳад кард.