Тағйири санаи бозиҳо дар даври 9-уми лигаи олӣ
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муҳлати ду бозии даври 9-уми мусобиқаи лигаи олиро тағйир дод.
Аз сабаби он, рӯзи 4-уми июни соли равон дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистон бозии рафиқона баргузор мегардад, бозии даври 9-ум миёни тимҳои “Хуҷанд”-“Истиқлол” аз 2-юми июн ба 29-уми май ва бозии “Равшан” – “Вахш” аз 2-юм ба 7-уми июн гузаронида шуд.
Бозиҳои ҳайатҳои ҷавонони ин дастаҳо мутаносибан 28-уми май ва 11-уми июн баргузор мешаванд. Ҳамчунин бо розигии тарафайн бозии даври 9-ум миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Истиқлол” дар Душанбе, бозии давраи дувуми мусобиқот байни ин дастаҳо дар Хуҷанд доир хоҳад шуд.
Як бозии дигари даври 9-ум рӯзи 30-юми май баргузор мегардад. Дастаҳои “Парвоз”-“Энергетик” дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и Бобоҷон Ғафуров ба сабқат мебароянд . Дастаҳои ССКА “Помир” дар варзишгоҳи худ бо тими “Хайр” қувваозмоӣ мекунад.
Инчуни фардо дастаҳои “Равшан”-“РегарТадАЗ” бозии мавқуфгузоштаи даври 3-юми мусобиқотро дар варзишгоҳи “Металург”-и шаҳри Турсунзода анҷом медиҳанд.