Сокини 25-солаи Ҷиликул аз дасти шавҳараш кушта шудааст
Кормандони мақомоти пулис бо иттиҳоми куштори ҳамсар, як сокини 46-солаи Ҷиликулро боздошт кардаанд.
Тавре Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, кормандони шуъбаи пулиси ноҳияи Ҷиликул, Леонтов Сергей Фёдорович соли таваллудаш 1967, сокини кӯчаи А.Каримови ноҳияи мазкурро, ҳамчун гумонбар дар куштори ҳамсараш дастгир кардаанд. Ба иттилои манбаъ боздоштшуда, рӯзи 26-уми майи соли равон дар ҳолати мастӣ, дар пайи муноқишаи оилавӣ ҳамсараш, Соловёва Ирина Александровнаи 25-соларо бо дастачӯб латту кӯб намуда, ба ҳалокат расондааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.