Аз даҳҳо ҳазор бекор ҳамагӣ 119 нафар нафақаи бекорӣ мегиранд
Айни ҳол беш аз 11 ҳазору 43 нафар мард ва 13 ҳазору 39 нафар зан дар вилояти Хатлон расман бекор эътироф гардидаанд, ки беш аз 13 ҳазорашонро ҷавонони то 29-сола ташкил медиҳанд.
Раёсати шуғли аҳолии вилояти Хатлон мегӯяд, аз миёни бекорони расмии Хатлон 17 ҳазору 655 нафар сокинони деҳот мебошанд. Ба қавли як масъули Раёсати шуғли аҳолии вилояти Хатлон, аз миёни бекорон фақат 119 нафарашон нафақаи бекорӣ мегиранду бас. Ин дар ҳолест, ки охири соли 2012, шумораи бекорони расмӣ ҳамагӣ 23055 нафар буда, 466 нафарашон аз нафақаи бекорӣ бархӯрдор буданд.
Раёсати шуғли аҳолии вилояти Хатлон афзуд, ки сатҳи бекорони бақайдгирифташуда 2,9 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъоли вилоятро ташкил медиҳад: “Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор, ки ба кормандони кироя пардохта шуд, дар моҳҳои январ - марти соли 2013 ба 510,90 сомонӣ баробар буда, назар ба ҳамин давраи соли 2012 41,1 дарсад афзудааст ва музди ҳадди ақал дар вилоят акнун 200 сомониро ташкил медиҳад.”