Хатлон: Боз 52 нафари дигар мубталои СПИД шудаанд
Тайи чор моҳи аввали соли равон 52 нафар аз сокинони вилояти Хатлон гирифтори СПИД шудаанд.
Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД дар вилояти Хатлон, мегӯяд аз соли 2000-ум то 1-уми майи соли ҷорӣ расман 1089 нафар ашхоси сироятёфта ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 774 нафараш мард, 315 нафараш зан ва 59 нафараш кӯдакону ноболиғони то 18-сола мебошанд.
Ин марказ таъкид кард, ки сироятёбӣ аз СПИД дар байни нашъамандони тазриқӣ аз 63 дарсади соли 2008 ба 47 дарсад коҳиш ёфтааст. Масъулини марказ мегӯянд, ҳоло дар шаҳру навоҳии вилоят баҳри пешгирии ин беморӣ ва кӯмак ба гирифторони он 12 маркази пешгирӣ ва мубориза, 7 таҳлилгоҳи иммуноферментӣ, 27 таҳлилгоҳи ташхиси фаврӣ, 9 нуқтаи боварӣ барои нашъамандони тазриқӣ, 3 ҳуҷраи дӯстона барои шахсони хизмати шаҳвонирасонанда, 19 ҳуҷраи дӯстона барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо ва 4 гурӯҳи сайёр фаъолият доранд. Дар баробари ин ҳар моҳ аз ҷониби ин сохтору бахшҳо миёни шаҳрвандон корҳои профилактикӣ низ роҳандозӣ ва маводҳои иттилоотӣ тақсим карда мешавад.