Ҳушдори Ҳизби демократ аз хатарҳо дар остонаи интихобот
Аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҷаласаи худ вазъи сиёсию иҷтимоии кишварро баррасӣ карда, онро "хатарзо" номидааст.
Дар изҳороти ҲДТ, ки рӯзи 28-уми май пахш гардид, аз ҷумла омадааст: “Пеш аз ҳама зикр намуданием, ки дар таърихи Тоҷикистон ҳолатҳои бӯҳронӣ кам набуданд. Албатта, мо гуфтан намехоҳем, ки вазъи феълии кишварро бояд аз ҳад зиёд бӯҳронӣ тасвир кард. Бо вуҷуд, дар назардошт бо рӯйдодҳои ахир ва бархӯрдҳо ба онҳо, ҳамчунин инъикоси ин ҳодисаҳо тариқи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи мамлакат, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар сурати ба хулосаи дуруст ва саривақтӣ наомадани нерӯҳои сиёсии кишвар, назари бетафовутона доштани ниҳодҳои ҳукуматӣ ба ҳолати мавҷуда, ахиран бо вазъияте рӯ ба рӯ омаданамон имкон дорад, ки паёмадҳои он барои касе маълум нахоҳад буд. Бахусус дар соле, ки Тоҷикистонро маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон интизор аст, имкони истифода ва суистифода аз ҳар ҳодиса ва рухдодҳои дохилӣ аз ҷониби нерӯҳои фурсатталаб, ҳангомаҷӯи ватанӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад.”
Ҳизби демократи Тоҷикистон изҳор медорад, ки имрӯз аз ҳар вақти дигар дида, зарурати ба ҳам омадану сари гуфтушунид нишастани нерӯҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Ин ҳизб изҳори боварӣ намудааст, ки якбора «фаъол» шудани нерӯҳои фурсатталабу ҳангомаҷӯй аз тариқи расонаҳои хориҷӣ бовари мардуми Тоҷикистонро ба даст намеоранд: “Нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон, ки дар дохил фаъолият доранд, вазъи умумии кишварро ба хубӣ медонанд ва онро таҳлил карда ҳам метавонанд. Аз ин рӯ, ҳар нерӯи дигареро, ки аз хориҷи кишвар мехоҳад ба рӯйдодҳои Тоҷикистон таъсир гузорад, ба сифати воситаи таъсиррасони кишварҳои хориҷӣ қабул намуда, онҳоро эътироф намекунанд. Имонамон комил аст, ки мо – нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ як принсипи умумӣ дорем: Хонаамонро мо худамон обод мекунем, фақат бо ҳам!”
Ҳизби демократи Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд муколамаи нерӯҳои фаъоли сиёсӣ дар чорчӯбаи як созмон ва доимӣ сурат бигирад: “Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки беш аз 15 сол фаъолият дорад, метавонад минбаре барои муколамаҳои мо бошад. Дуруст аст, ки бо сабабу ҳолатҳои гуногун нерӯҳои сиёсии кишвар ба ин созмон бархӯрдҳои мухталиф доштанд ва дар натиҷа қисмате аз ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои сиёсӣ – иҷтимоӣ фаъолияти худро дар ин созмон қатъ карданд. Аз ҷумла, раҳбарияти пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ҳоло мо ба хулосае омадаем, ки фаъолият дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад барои ҳамагон фурсати хуби ҳалли мушкилот ва шунидани ҳарфи ҳамдигариро фароҳам орад. Дар робита, ҲДТ чанде пеш дархости аз нав ба даст овардани узвият дар Шӯрои ҷамъиятиро карда буд ва умед дорем, он аз нигоҳи мусбат баррасӣ хоҳад шуд. Зимнан, аз ҳамаи аҳзоби дигари сиёсӣ, ки фаъолияти худро дар ин созмон қатъ карда буданд, вале ояндаи Тоҷикистон барояшон муҳим аст, низ даъват мекунем, ки ба фаъолият дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ баргарданд. Ба андешаи мо, ин ниҳод, ки собиқаи зиёди ҳамкорӣ ва тавонмандии сарҷамъ овардани ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҳукуматиро дорад, аз ҳар эътилоф ва гурӯҳҳои навпайдо таъсири бештаре дошта метавонад. Дар натиҷа, ҳар гурӯҳ ва эътилофи навпайдо, ки дар танҳоӣ пайдо мешавад, таъсир ва муҳимияти худро дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он гум карда, нақши Шӯрои ҷамъиятиро таъсирноктар нишон медиҳад.”
Дар баробари ин, ҲДТ таъкид кардааст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ низ бояд фаъолиятҳои худро дар асосу заминаҳои нав ба роҳ монад: “Аз ҷумла, мо пешниҳод дорем, ки мебояд мақоми Шӯрои ҷамъиятиро тағйир дода, онро бо Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон иваз намуд. Дар ин сурат, мақому арзиши тасмимҳои ин Шӯро барои ниҳодҳои давлатӣ, институтҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бамаротиб болотар хоҳад рафт. Ҳамзамон дар вазъияте, ки мо қарор дорем, бояд фаъолияти Шӯрои машваратиро доимӣ ба роҳ монем. Ҳадди ақалл Шӯро бояд бо пайдоиши масоили ҳалталаб дар наздиктарин фурсат ҷамъ омада, масъалаҳои ба миёномадаи фавриро баррасӣ намояд ва мушкилоти «сиёсӣ», «ҳуқуқӣ» ё ҳар чизи дигар доштани қазияҳоро рӯшан созад.”