Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”
Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, бегоҳи 27-уми май ба Тоҷикистон бозгашт.
Ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо хабарнигорони расонаҳои мустақил сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва гуфт, ин сафараш бо даъвати шахсии раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Вале дар бораи зиндагии доимиаш дар Тоҷикистон, Бозор Собир гуфт, ҳанӯз дар ин бора тасмими дақиқе нагирифта ва намедонад чанд муддат дар кишвар ҳоҳад буд.
Аммо Бозор Собир афзуд, дар муқоиса ба сафарҳои пешинаш аз ин сафар бисёр хушнуд аст. Чун ба гуфтаи худи ӯ, “ҳар дафъа, ки меомадаму мерафтам, касе эътибор намедод. Аммо ин дафъа, ки сафар бо даъвати президент сурат мегирад, аз ман бештару беҳтар пазироӣ карданд.”
Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.
Бегоҳи 27-уми май барои пешвози Бозор Собир дар баробари дӯстону ҳаводоронаш, инчунин Маҳмадсаид Пиров, мудири бахши фарҳангии дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Низом Қосим, шоир ва узви Маҷлиси Намояндагон ва Ибодулло Машрабов, раҳбари Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омада буданд.
Ин сафари Бозор Собир бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон панҷ моҳ қабл аз интихоботи президентӣ сурат мегирад. Ва бар хилофи дафъаҳои гузашта хабари бозгашти Бозор Собирро шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ намоиш дода, шакли комили гуфтугӯи ӯро пахш карданд. Ин гуфтугӯ зоҳиран қабл аз сӯҳбати Бозор Собир бо намояндагони расонаҳои мустақил ва танҳо бо ҳузури хабарнигорони расмӣ сабт шудааст.
Ӯ дар ин сӯҳбати худ, шоми 27-уми май аз тариқи Шабакаи аввали Тоҷикистон пахш шуд, аз раисиҷмҳур изҳори сипос мекунад, ки бо вуҷуди масоили зиёди кишвар ба масъалаи ӯ ҳам машғул шудааст: “Бисёр ташаккур мегӯям. Мо саддарсад миннатдор. Қаблан аз тариқи хабаргузориҳои байналмилалӣ, мушаххастар аз интернет, бо вазъияти ҷумҳурӣ каму беш шиносам. Дар ин ҷо худсариҳои ҷамъиятӣ зиёд аст. Ҳизбҳои нодаркору ҷамъиятҳои нодаркор бисёранд. Мақсади ҳамаи мо як аст: мардуми замонавӣ бояд ба камол расонем, ки сазовори фахр бошад. Ҳар нависанда бо фахр гӯяд, ки ман мағзи халқам. Дар шакли алоҳида ҳеч чиз намешавад. Пеш аз ҳама бо чорабиниҳо ва кӯшишҳои бевоситаи президент мешавад. Як ман не, балки тамоми интеллегенсияи ҷумҳурӣ бевосита дар паҳлуи президенти ҷумҳурӣ бошем. Ҷамъияти бе контрол нест. Хусусан дар ҷамъияти мутаммадин, ҷамъияе, ки фарнҳангу илм дорад, ҳеч кас худсарона ҳеч кор карда наметавонад. Контрол ҳатмӣ, зарур ва мағзи корҳои дигар аст”
Бозор Собир бори охир се сол пеш аз ин ба Душанбе омада, чанд муддат бо ҳамроҳии ёрону наздиконаш буд ва китоби "Хуни қалам"-аш ҳам дар он замон бо сарпарастии ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва бо теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромад. Ӯ борҳо дар сӯҳбаташ таъкид мекард, ки бисёр мехоҳад як шаби эҷодияшро бо ҳузури бештари дӯстону наздикон ва ҳаводорон баргузор ва баъд аз он кишварро тарк кунад. Аммо натавонист ин шаби эҷодиро баргузор ва тамоми дӯстдорони шеърашро дар як базм ҷамъоварӣ намояд.
Вале чизе, ки ӯ баъд аз ин сафараш ба ёдгор гузошт, пешниҳод дар бораи бастани Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Бо ин ҳол, сари ҳар чанд вақт бархе аз сокинон бо навиштани нома дар нашрияҳову торнамоҳо бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистонро амри зарурӣ мехонданд ва борҳо дар ин маврид ҳукуматро танқид мекарданд.
Пештар аз ин, Акбари Турсон, донишманди тоҷик, ки понздаҳ сол дар Амрико зиста буд, бо даъвати раисиҷумҳур ба Тоҷикистон омад ва ҳоло раҳбарии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улумро ба уҳда дорад.
Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори Бозор Собир аст.