Раҳмон дар мулоқоти як ба як аз фазои сиёсии Қирғизистон тавсиф кард
Имрӯз, 27-уми май, дар доираи сафари расмӣ дар Бишкек, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон мулоқоти як ба як кардааст.
Тавре хабаргузориҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо раисиҷумҳури Қирғизистон аз боду ҳаво ва фазои хуби сиёсӣ дар ин кишвар тавсиф кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ободкориҳои Бишкекро зикр карда, рушди Қирғизистонро низ қайд кардааст: “Мо имрӯз ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун пеш аз ҳама ташаккули инфрасохтори хуби нақлиётӣ баррасӣ мекунем.”
Ба иттилои расонаҳои қирғиз раисони ҷумҳур дар нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ширкат варзидаанд. Аз натиҷаи ин ҷаласа созишномаҳо дар бахши нақлиёт, алоқа, гумрук, ҳолатҳои фавқулода ва дигар бахшҳо имзо кардаанд.