5 медали тилои варзишгарони тоҷик ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон
Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехта (ММА) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони Узбакистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат варзида, барои ба даст овардани ҷойҳои намоён дар 5 вазн -- 70кг, 77кг, -84кг, -93кг ва аз 93 боло қувваозмоӣ карданд.
Ба ин тартиб, дар қисми ниҳоӣ дастаи яккачини Тоҷикистон ба гирифтани 5 медали тило ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон, ки дар шаҳри Истанбули Туркия доир хоҳад шуд, соҳиб гаштанд.
Мусобиқаро ҳайати доварони Узбакистону Қазоқистон ва Тоҷикистон доварӣ карданд.