Субҳи 27-уми май, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкек рафт.
Дар фурудгоҳи Манас ӯро нахуствазири Қирғизистон Ҷанторо Сотиболдиев истиқбол гирифт. Наворбардори “Озодагон” лаҳзаи истиқболи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудггоҳи Бишкекро сабт кардааст, ки ҳоло манзури Шумо мешавад.