Ҷонибдории додгоҳи шаҳри Душанбе аз ҳабси Зайд Саидов
Додгоҳи шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсиро дар мавриди ҳабси пешакии Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, бетағйир гузошт.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “баъди дастрас намудани қарори додгоҳи Душанбе ва маслиҳат бо худи Зайд Шерович қарор хоҳем кард, ки ба марҳилаи болоӣ шикоят мебарем ё не?”
Вакилони дифои Саидов аз додгоҳ талаб доранд, ки зерҳимояашонро бе иҷозаи берун рафтан аз ҷои истиқомат аз ҳабси пешакӣ озод намояд. Ба гуфтаи вакилони дифоъ Саидов ҳеч талоше барои халал ворид кардан ба тафтишот надорад ва дар маҳбас мондани ӯ ба саломатияш зарар дорад, чун ӯ модарзод маъюб таваллуд шудааст.
Бо вуҷуд акнун дар назар аст, ки Зайд Саидов давоми ду моҳ дар ҳабси пешакӣ монад ва дар сурати тӯл кашидани тафтишот додгоҳ метавонад ин муҳлатро тамдид кунад.
Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, рӯзи 19-уми май мавриди боздошт қарор гирифта, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи анмияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар тақаллуб, чандҳамсарӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд.
Дар робита ба ин суол ки оё имкон надошт Зайд Саидов дар ҳабси хонагӣ бошад, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зидди фасод ба “Озодагон” посух дод, ки “бар асоси моддаҳое, ки ӯ муттаҳам мешавад, ҷиноятҳои махсусан вазнин мебошанд, ки намешавад дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошт. Инҳо ҷиноятҳои иқтисодӣ нестанд.”
Фаттоҳ Саидов ҳамчунин дар ин сӯҳбати худ гуфт, парвандаи марбут ба Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси вилояти Суғдро низ то ду моҳи дигар ба поён бурда, ба додгоҳ хоҳанд фиристод. Ин дар ҳолест, ки пойи Низомхон Ҷӯраев ба парвандаи Зайд Саидов кашида шуда ва ӯ ахиран шаҳодат додааст, ки дувумӣ ҳангоми вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ маҷбуран кашида гирифта буд.