Комиссияи аврупоӣ аз «Apple» гумонбар шудааст
Комиссияи аврупоӣ алайҳи ширкати «Apple», бо гумони фурӯши ғайриқонунии телефонҳои хушманди «iPhone» таҳқиқотеро шурӯъ кардааст.
Тавре сомонаи «Reuters» хабар медиҳад, аз ҷониби Комисияи Аврупо ба чанд ширкатҳои мобилӣ дар ин қитъа суолҳое ироа шудаанд, ки ассосан ба танзими шартномаҳои «Apple» алоқаманд аст.
Гуфта мешавад, комиссияи мазкур таҳқиқоти худро баъди шикояти операторони мобилӣ ва шахсони инфиродӣ шурӯъ намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯз пеш Конгреси ИМА «Apple Inc»-ро барои насупоридани андоз ба маблағи 1 миллиард доллари амрикоӣ муттаҳам дониста буд. Гурӯҳе аз сенаторон гузоришеро нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад ширкати «Apple» дар ҳисобҳои хориҷии худ 102 млрд доллар дорад.