“Панҷшер” тоб оварда натавонист ва аз мусобиқа хориҷ шуд
Дастаи футболи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ аз идомаи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон даст кашид.
Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “клуби футболи “Панҷшер” чанд рӯз қабл ба ФФТ номае фиристода дар он навишта буд, ки аз идомаи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ даст мекашад. Пеш аз ин, дар бозии даври 6-ум ҳозир нашуда буд ва ин масъала дар ФФТ баррасӣ шуда, клуби “Панҷшер”-ро аз мусобиқаи Лигаи олӣ бароварданд.”
Ҷаноби Солиев қайд кард, ки аз рӯи низомномаи мусобиқа дастае, ки аз идомаи қувваозмоиҳо даст мекашад ё берун карда мешавад, натиҷаи бозиҳояш бекор мегардад. Дастаи “Панҷшер” дар мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олӣ ҳамагӣ панҷ бозӣ анҷом дода, як бозиро мусовӣ ба поён бурда, дар чор бозии дигар ба шикаст мувоҷеҳ шуда буд.
Ёдовар мешавем, Кумитаи назорату ахлоқии Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми май, Равшан Азизов, бозигари дастаи “Панҷшер”-ро барои як сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум намуда, ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Равшан Азизов бо он айбдор шуда буд, ки дар бозӣ бо “Парвоз”, ки 14-уми май дар доираи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон баргузор гардид, сардоварро задааст.
Ҳамчунин, Ҷамшед Акбаров, сармураббии дастаи “Панҷшер”, барои вайрон кардани Кодекси ахлоқи ФФТ аз ҳаққи иштирок дар 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима ва Хуршед Раҳмонов, бозигари дастаи “Панҷшер” низ аз 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима шуда буданд.
Дастаи “Панҷшер” соли гузашта бо касби 59 имтиёз қаҳрамони мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон шуда, ба мусобиқаи Лигаи олӣ роҳ ёфта буд.