Убайдуллоев тӯйи арӯсии 128 ҷавонро ташкил мекунад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ба тобеинаш дастур додааст, ки бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ тӯйи арӯсиву домодии 64 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Тавре Шавкат Саидов,сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ин маърака ба муносибати солгарди 16-уми имзои созишномаи сулҳ дар дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» барпо хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳар ноҳияи пойтахт 16 ҷуфтӣ интихоб мекунад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, дар ин рӯз ҷавононро инчунин тӯҳфаҳою кӯмакҳои молиявӣ аз ҳисоби сохторҳои соҳибкории шаҳр интизор мебошад.