Тасмими парлумон хашми Зоиров ва ноумедии Ҳусайниро ба бор овард
Барои ҳамеша рад шудани тарҳи ислоҳҳо ба қонуни интихоботи президентӣ аз сӯи Маҷлиси намояндагон аҳзоби мухолифро барои баргузории як интихоботи шаффоф дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ноумед кардааст.
Ин тарҳ аз ҷониби кумитаи тадорукот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон" таҳия шудааст. Ба ҳайати кумтаи тадорукот намояндагони аҳзоби мухолифи кишвар, аз ҷумла ҲНИТ, шомил шуда, пешниҳоди аслии онҳо ин аст, ки меъёри ҷамъи имзо аз 5 дарсад ба 2 фисад поён рафта, қитъаҳои овоздиҳӣ аз ҳудуди макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ берун ҷойгир карда шаванд.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рад шудани тарҳи ислоҳҳо ба қонуни интихоботи президентӣ аз сӯи Маҷлиси намояндагонро "туф кардан ба рӯи демократия" хондааст. Зоиров бо пахши як изҳорот гуфтааст, “далелҳои Усмон Охунов, мудири Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Намояндагон дар мавриди ради ин пешниҳод аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ натавонист далели боасос ва бомантиқ гӯяд, ба ҷуз аз шарҳи бемантиқ, ки сафсатаи ҳуқуқӣ номида мешавад.”
“Охунов бори дигар исбот мекунад, ки дигар чора надошт ва ҳуқуқшиносӣ низ дар ин ҷо рабте надорад. Муҳим манфиатҳост. Дар ин бора мо баъдан боз гап мезанем ва на як бор!”,-таъкид кардааст Раҳматилло Зоиров.
Дар ҳамин ҳол, Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, гуфт, комилан рад гардидани тарҳи мазкур маънои онро дорад, ки ҳоло Тоҷикистон барои баргузории интихоботи озод ва демократӣ омода нест. “Аз ин бармеояд, ки мо бо ин низоми баргузории интихобот ҳоло ҳатто бо Афғонистон баробар шуда наметавонем”,-афзуд ӯ.
Маврид ба ёдоварист, ки қонун "Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон" соли 1994 қабул шуда, то имрӯз тағйир наёфтааст. Соли 2004 бо ширкати ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони парлумон бо сарпарастии САҲА нусхаи тағйирхурдаи қонун таҳия гашта, аз ҷониби ҲХДТ дастгирӣ наёфт. Соли 2007 таҳти сарпарастии IFES - Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ низ талошҳо барои тағйири ин қонун бенатиҷа анҷом ёфта буд.