Мулоқоти рӯ ба рӯи журналистон бо ниҳоди вижаи ҳукуматӣ
Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасмим доранд бо журналистони ватанию хориҷӣ мулоқот анҷом диҳанд.
Тибқи иттилои расида, нишасти мазкур рӯзи 13-уми майи соли равон дар бинои муҷтамаи мавсум ба «Шарқи Озод» баргузор хоҳад шуд. Зимнан, масоили инъикоси кори агентӣ дар ВАО, фаъолияти кормандони соҳа ва вазоифи дар пеш доштаи ниҳоди мазкур мавриди баррасӣ қарор мегирад. Масъулини агентӣ омодаанд, дар рафти мулоқот ба суолҳои рӯзноманигорон посух гӯянд.