Дар Тоҷикистон “Корвони китоб” ба ҳаракат даромад
Аз 25-ум май то 28-уми июни соли ҷорӣ тавассути ҳаракати «Корвони китоб», Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» - и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон наздики 21 ҳазор нусха китоб ба маблағи беш аз 156 ҳазор сомонӣ ва 36 ҳазор нусха формуляр ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ, дастрас менамояд.
Тавре Раҳматулло Раҳматуллоев, масъули дафтари матбуотии вазорати фарҳанг, гуфт, ҳамзамон Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва муаллифони китобҳо вохӯрию маҳфилҳои адабӣ гузаронида, ярмарка - фурӯши минтақавии китобҳои тозанашри солҳои охирро ташкил менамояд.
«Ҳаракати «Корвони китоб» ва ярмарка аз 25-уми май то 1 июн дар вилояти Суғд, аз 3-юми июн то 10-уми июн дар вилояти Хатлон, аз 12-ум то 19-уми июн дар ВМКБ, аз 21-ум то 28-уми июн дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад»-афзуд манбаъ.