Дархости ҳузури Соҷидаи Мирзо ва намояндаи ВКХ дар баҳси додгоҳии Қаюмзод
Имрӯз, 27-уми май, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвоии Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик алайҳи Радиои Озодиро баррасӣ намуда, мурофиаи навбатиро рӯзи 4-уми июн таъйин кард.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз толори додгоҳ хабар дод, Ёқуб Маъруфов, вакили мудофеи Радиои Озодӣ, аз додрас хостааст, ба мурофиа намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даъват шавад ва далели аккредитатсия нашудани Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ диҳад. Чун ба гуфтаи вакили мудофеи Радиои Озодӣ, маҳз мушкили аккредитатсия сабаби қатъ шудани шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод гардидааст.
Ҳисайнов Қутбиддин, раисикунандаи мурофиа, ин пешниҳоди “Озодӣ”-ро қабул карда, зарур донистааст, барои шарҳи қазия намояндаи Вазорати умури хориҷӣ ба додгоҳ ҳозир шавад.
Хуршед Андамов (Хуршеди Ҳамдам), раҳбари дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе, дар назди додрас қазияи қатъи қарордоди ҳамкорӣ бо Қаюмзодро шарҳ додаву гуфт, ки роҳбарияти "Озодӣ" аз ночорӣ ба ин роҳ рафтааст, чун ВКХ ба Қаюмзод акредитатсия надодааст.
Дар ҳамин ҳол, Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Абдуқаюми Қаюмзод, гуфтааст, мушкили аккредитатсия ин ба корфармо дахл дорад ва бояд далели қатъи шартнома бо Абдуқаюми Қаюмзод нагардад. Ӯ гуфтааст, “Озодӣ” уҳдадор аст, аккредитатсияи Қаюмзодро таъмин кунад. Воҳидова зимни мурофиа аз Хуршеди Ҳамдам аз ҷумла пурсид, ки "Оё роҳбарияти Радио расман Қаюмзодро қаблан аз қатъи ҳамкорӣ огоҳ карда буд? Оё Иттифоқи касабаи кормандони радио қазияи қатъи ҳамкорӣ бо Қаюмзодро баррасӣ кардааст?" ва ниҳоят суол кард, ки "чаро Радиои Озодӣ аз болои Вазорати умури хориҷӣ, ки ба Қаюмзод акредитатсия надод, ба додгоҳ муроҷиат накардааст?"
Вакили мудофеи Қаюмзод аз посухҳои Хуршеди Ҳамдам қаноатманд нашуда, аз додгоҳ хостааст, Соҷидаи Мирзо, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз Прага ба мурофиа даъват шавад.
Раисикунандаи мурофиа гуфтааст, баъд аз шунидани шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар мурофиаи оянда, ки 4-уми июн баргузор хоҳад шуд, дар мавриди даъвати Соҷидаи Мирзо қарор қабул хоҳад кард.
Воҳидова қаблан ба “Озодагон” гуфта буд, аз додгоҳ рӯёндани маоши Қаюмзодро тайи моҳҳое, ки ба кор нарафтааст ва барқарор намудани ӯ ба ҷои кораш талаб хоҳанд кард. Ӯ қатъи яктарафаи шартнома аз ҷониби Радиои Озодиро мухолифи Кодекси меҳнати Тоҷикистон донист ва гуфт, талош хоҳанд кард, дар додгоҳ аз ҳаққи Қаюмзод ҳимоя кунанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Хуршед Андамов (Хуршеди Ҳамдам), дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, “ҳам роҳбарияти "Озодӣ" дар Душанбе ва ҳам дар Прага аз қатъи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод хеле мутаассиф аст. Сабаби аслии қатъи қарордод аккредитатсия нашудани Қаюмзод дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди баҳсу баррасиҳои роҳбарияти Радиои Озодӣ ба Вазорати умури хориҷӣ ин ниҳод ба Қаюмзод аккредитатсия надод ва дигар мо маҷбур шудем, қарордодро қатъ кунем, чун тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон хабарнигор бе сабти Вазорати умури хориҷӣ ҳақ надорад, дар “Озодӣ” кор кунад.”
Андамов таъкид кард, қатъи қарордод бо Қаюмзод дар доираи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Дар Кодекси меҳнат ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки қатъи қарордоди меҳнатӣ бидуни хоҳиши тарафҳо сурат мегирад.”