Наврасони тоҷик баъд аз шикаст ба “Ҷоми Каспий” омодагӣ мебинанд
Футболбозони навраси тоҷик дар бозии дӯстона бо дастаи Баҳрайн бо ҳисоби се бар сифр шикаст хӯрдаву ба мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” омодагӣ мебинанд.
Бозигарони навраси тоҷик ду рӯз қабл аз ин, бозии аввали дӯстонаро бо мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода буданд.
Наврасони тоҷик дар пойтахти Баҳрайн – Манама бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикашӣ Сузукӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ширкат карда, ба мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий”, ки аз 28-уми май то 6-уми июн дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 18 футболбоз, аз он ҷумла, 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомиланд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Боку сафар намуда, дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” дар даври пешакӣ бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уругвай (29-уми май) ва Ҷопон (30-юми май) рақобат хоҳанд кард.