Мубориза бо пулҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон пурзӯртар мешавад
Имрӯз, 27-уми май таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардида, дар он аз ҷумла тағйирот ба қонун дар бораи муқовимат бо қонунигардонии пулҳое, тариқи ҷиноят ба даст омадаанд, баррасӣ шуд.
Тавре аз хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, аъзои Шӯро масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва масъала Дар бораи пас гардонидани лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро муҳокима намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро муҳокимашуда ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 29-уми май баргузор мегардад, пешниҳод карда шаванд.