Муҳассилини мактабҳои миёнаи Қазоқистон фанни диншиносӣ мехонанд
Интизор меравад, дар мактабҳои миёнаи Қазоқистон омӯзиши фанни диншиносӣ ба роҳ монда шавад.
Расонаҳои қазоқӣ аз қавли Айман Рустамбеков, раҳбари форуми иттилоотии “Ареал” оид ба умури динӣ хабар додаанд, ки шуруъ аз соли 2017 дар макотиби миёнаи Қазоқистон фанни диншиносӣ ҷорӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи раҳбари форуми иттилоотии “Ареал” оид ба умури динӣ, ҳоло баланд бардоштани сатҳи тафаккури динии ҷавонон диққати аксари ҷомеаи қазоқро ба худ ҷалб кардааст.
“Баъд аз соли 2017 дар барномаҳои дарсии аз синфи 9 болои тамоми макотиби миёнаи Қазоқистон фанни диншиносӣ ворид мешавад ва ин иқдом барои боло бурдани сатҳи дониши динии ҷавонон хоҳад буд.”- афзудааст Рустамбеков.