Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ: “Сабр нишонаи карахтиву тарс нест”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), айбдор шудан ба сабру таҳаммули аз ҳад зиёдро беҳтар аз қурбонии фитнаву дасисаҳо гардидан хонд.
Оқои Кабирӣ дар ин бора дар 23-юмин ҳамоиши Созмонҳои исломии ҷаҳон дар шаҳри Истанбул изҳори назар карда, гуфтааст, мусалмононро гоҳо ба хунгармиву эҳсосӣ будан муттаҳам мекунанд ва гоҳо ба сабру таҳаммули беандоза ва бештар аз зарурат. “Агар қарор аст, ки аз ин ду яке интихоб бишавад, дувумӣ беҳтар аст”,-гуфтааст ӯ.
Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ сабр нишонаи карахтию тарс набуда, балки он маънои устуворию ҳаракат дар роҳи интихобкардаи хеш бо дода нашудан ба ҳама гуна фитна ва эҳсосот мебошад: “Бигузор моро ба сабру таҳаммули аз ҳад зиёд гунаҳкор бидонанд, аз онки тавонанд моро ба фитнаву дасисаҳо кашанд.”
Ёдрас менамоем, 23-юмин ҳамоиши Созмонҳои исломии ҷаҳон таҳти унвони "Олами ҷадид ва низоми сиёсии одил" дар Туркия баргузор гардида, дар он намояндагони беш аз 120 кишвар ширкат варзидаанд.