“Газпром” таъминоти Қирғизистон бо газро ба уҳда гирифт
Қирғизистон ба ширкати “Газпром”-и Русия иҷоза дод, интиқол ва тавзеи гази табиӣ дар қаламрави ин кишварро пурра бар дӯш гирад.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, ҳукумати Қирғизистон рӯзи 25-уми май зери пешнависи тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Бишкек ва Маскав дар заминаҳои ҳамлу интиқол ва тавзеи гази табиӣ дар қаламрави ин кишвар имзо гузоштааст.
Баъд аз имзои ин тавофуқнома, ширкати “Газпром”-и русӣ фаъолиятҳои худро дар мавриди интиқол ва тавзеи гази табиӣ дар қаламрави Қирғизистон шуруъ хоҳад кард. Илова бар ин, ин ширкати русӣ бунёд, бозсозию нигаҳдори таҷҳизот ва системаҳои интиқолу тақсимкунии ин намуди сӯзишвориро дар Қирғизистон ба ӯҳда мегирад.
Инчунин ширкати “Газпром” ба манзури бозсозии зерсохтҳои газ дар Қирғизистон дар давоми 5 сол ба маблағи 20 миллиард рубли русӣ сармоягузорӣ хоҳад кард.
Ёдрас менамоем, баъд аз таҳвили саҳмияҳои ширкати «Киргизгаз» ба “Газпром” тамоми тааҳҳудоти молиро ҷониби Русия ба зима хоҳад гирифт.