Сарони давлатҳои СПАД (ОДКБ) дар Бишкек ҷамъ меоянд
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи якшанбеи 26-уми май ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар намуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳадафи Ҳамрохон Зарифиро аз сафар ба Бишкекро иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ва ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмон арзёбӣ кард.
Ин ҳамоиши вазирон дар ҳолест, ки дар назар аст, сарони кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ барои мулоқоти ғайрирасмӣ дар Бишкек ҷамъ оянд. Аз ҷумла, имрӯз 27-уми май ният аст, Владимир Путин, президенти Русия низ ба Қирғизистон сафар намояд. Гуфта мешавад, Владимир Путин дар Бишкек дар доираи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвроОсиё бо ҳамтоёни тоҷику қирғизаш, Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев мулоқоти алоҳида доир кунад.