17 ҳазору 625 сомонӣ доред? Марҳамат, ба Ҳаҷ-2013!
Кумитаи умури дини Тоҷикистон нархи зиёрати Хонаи Худо барои сокинони ин кишвар дар соли 2013-ро муайян кардааст.
Бино ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, дар пайи шартномаи ба тавофуқрасидаи миёни Кумитаи дин ва ширкати хизматрасони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муайян шудааст, ки пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомил мебошад.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.