Сипосномаи парлумони Эрон ба Шӯрои нигаҳбон
Беш аз 200 тан аз намояндагони порлумони Эрон бо имзои номае аз иқдоми олимона, ҳакимона ва қотеъонаи шӯрои нигаҳбон дар тасдиқи салоҳияти номзадҳои раёсатиҷумҳурӣ тақдир карданд.
Ҷавод Каримии Қудсӣ, намояндаи Машҳад дар маҷлис дар гуфтугӯ бо хабарнигори порлумонии хабаргузории “Форс” аз номаи ташаккури ҷамъе аз намояндагон аз фақеҳон ва ҳуқуқдонони Шӯрои нигаҳбон хабар дод ва эълон кард: ин номаро то кунун 202 нафар имзо кардаанд.
Вай афзуд: ҳимоят аз Шӯрои нигаҳбон ҳимоят аз қонуни асосӣ ва ҳимоят аз Ҷумҳурии исломӣ, аз мардум, адолат, истиқлол ва озодӣ ва арзишҳост.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, матни номаи намояндагони миллат ба фақеҳон ва ҳуқуқдонони Шӯрои нигаҳбон ба шарҳи зер аст:
Ба номи Худо
Интихоботи раёсати ҷумҳурии ёздаҳумин дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамон печи бузурги таърихие аст, ки сарнавишти имрӯз ва фардоҳои уммати ислом, миллати Эрон ва низоми ҷумҳурии исломӣ дар ин нуқтаи таърихӣшакл мегирад.
Шӯрои муҳтарами нигаҳбони қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, ки мероси бузурги Имом Хумайнӣ аст, бо иқдоме олимона, ҳакимона, одилона, ҳушмандона, қотеъона ва бар пояи ду рукни асосии исломият ва ҷумҳурияти низоми муқаддаси исломӣ, нисбат ба тасдиқи салоҳияти номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ иқдоме кард ва касонеро ки онҳоро дар ин замони солиҳ барои ин масъулият ташхис доданд, ба миллати шариф барои интихоб муаррифӣ намуданд ва нигарониҳои бузурги миллатро барои пешгирӣ аз такрори ҳаводиси бархоста аз фитнаи 1388(2009) ва ҳалқаи инҳирофӣ, ки дар минақа бо он мардум ва низоми исломӣхароҷоти сангинеро пардохта буд, бартарф намуд, дилҳои мардум аз ин ҳушёрии таърихии Шӯрои нигаҳбон оромиши илоҳӣ гирифт ва ором шуд.
Қатъан ин тасмими таърихии шӯрои нигаҳбон ҳамчун гузашта зомини бақои низоми исломӣ ва ҳифзи арзишҳои илоҳии он хоҳад шуд ва ҳузури ҳамосии мардумро дар рузӣ 24 хурдод 1392 ба ҷаҳон ва ҷаҳониён арза хоҳад намуд.
Дар натиҷаи ин иқдомиШӯрои нигаҳбони қонуни асосӣ, ки заминасози аслӣ барои халқи ҳамосаи 24 хурдод хоҳад шуд ва хости Худо рӯзҳои бисёр дурахшон ва пурумед ва саросар фатҳу пирӯзӣ аст, ки дар интизори уммати ислом ва миллати ғаюр ва инқилобии Эрони исломӣ қарор гирифт ва ҷараёни бо азамати бедории исломӣ ва муқовимати уммати ислом маншаъи он, ба басират ва иқтидори миллати инқилоби исломии Эрон аст, ки ба парчамдории ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ меравад, то ба зудӣ ғуддаи сарартонии дар ин режими саҳюнистиро маҳв намояд ва ба ихроҷи ишғолгарони амрикоӣ ва аврупоӣ аз пойгоҳҳои низмомии ишғол шуда дар сарзамини исломӣ суръат хоҳад бахшид ва мавониъи аслии ваҳдати ҷаҳони исломро аз миён бардорад ва давронӣ саросар умедро ба ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар ҷиҳати таъмини адолат ва рафъи мушкилот ва камбудҳо ва тавҷҷуҳ ба масоиле ҳамчун ҳимоят аз истеҳсолот ва эҷоди ҷои кор ва субот дар бозор ва коҳиши вобастагиҳо бо шикасти комили таҳримҳоро фароҳам хоҳад намуд.
Намояндагони ин миллати бузургвор дар маҷлиси нуҳуми Шӯрои исломӣ самимонатрин дурудҳои худро ба маҳзари фақеҳони одил ва инқилобӣ ва ҳуқуқмандони муҳтарми Шӯрои нигаҳбон тақдим медоранд.