Оҷонсии омор теъдоди дақиқи сокинони Душанберо эълон кард
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2013 – 8 миллиону 25 ҳазору 100 нафар ва аҳолии пойтахт 766 ҳазору 400 нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,3 фоиз ва 2,2 фоиз зиёд мебошад.
Ба қавли Оҷонсии омор ба ҳолати 1 январи соли 2013 шумораи аҳолии синни то 30-сола 5 миллиону 414 ҳазору 900 нафар аст, ки ин 67,8 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад.
Шумораи аҳолии синни то 30 сола дар шаҳри Душанбе 508 ҳазор нафар ё 66,4 фоизи аҳолии шаҳри Душанберо дар бар мегирад. Шумораи аҳолии синни 14-30 сола, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавонон ба ҳисоб мераванд, дар ҷумҳурӣ 2 миллиону 744 ҳазору 900 нафарро ташкил медиҳад ва ин 34,4 фоизи шумораи умумии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ҷавонони синни 14-30 сола дар шаҳри Душанбе 279,0 ҳазор нафар ё 36,5 фоизи шумораи умумии аҳолии шаҳри Душанберо ташкил медиҳанд.
Сатҳи баланди таносуби кӯдакон ва ҷавонон нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори синну солии аҳолии ҷумҳурӣ «ҷавон» мебошад – синни миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ – 25,0 сола ва дар шаҳри Душанбе 25,6 соларо ташкил медиҳад.
Ба иттилои Оҷонсии омор шумораи муассисаҳои олии касбӣ дар ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2012/2013 - 34 ададро ташкил медиҳад, ки 20 ададашон ё ин ки 58,8 фоизи ин муассисаҳо дар шаҳри Душанбе қарор доранд.