Агрегати дуюми «Сангтуда-2» омодаи баҳрабардорӣ аст. Таъхир чарост?
Хабаргузории «Азия Плюс» бо такя ба сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, барои маросими расмии баҳрабардорӣ аз агрегати дуюми неругоҳи барқӣ-обии «Сангтуда-2» ҷонибҳо интизори сафари Маҳмуди Аҳмадинажоданд.
Ин манбаъи «Азия Плюс» гуфтааст, «ҳоло рӯшан нест, ки Маҳмуди Аҳмадинажод кай ба Тоҷикистон меояд. Ба эҳтимоли зиёд ин сафар ба хотири интихоботи қарибулвуқӯи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ба таъхир гузошта шудааст».
Маросими баҳрабардорӣ аз чархаи дуюми «Сангтуда-2» мебоист 25-уми марти соли равон бо ширкати Маҳмуди Аҳмадинажод, райси ҷумҳури Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сурат мегирифт, аммо баъдан эълон шуд, ки Аҳмадинажод миёнаҳои моҳи апрел ба Душанбе меояд. Моҳи апрел низ дидори райисҷумҳури Эрон ба таъхир афтод.
«Сангтӯда-2» калонтарин тарҳи Эрон дар Тоҷикистон аст, ки бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари Тоҷикистон сохта шуда, баъди ифтиттоҳи пуррааш тавлиди барқ дар Тоҷикистон соле то 1 миллиард килловат бештар мешавад.
Чархаи аввали он 5-уми сентябри соли 2011 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадиножод ба истифода дода шуд.