Имрӯз, 26-уми май, дар шаҳри Душанбе аз иди касбии адвокатҳо ё вакилони мудофеъ таҷлил карданд. Дар маросиме дар бинои «Душанбе Плаза» намояндаҳои коллегияҳои адвокатҳо, ҳуқуқшиносон ва вакилони дифоъ аз бурду бохтҳои хеш гуфтанд.
Зикр шуд, ки умри адвокатураи Тоҷикистон ба 91 расидааст. Дар робита Фахриддин Зокиров, раиси коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе дар суҳбати ихтисосӣ бо «Озодагон» гуфт, «тибқи ҳуҷҷатҳои солҳои охир аз бойгонӣ пайдо кардаи мо муайян шуд, ки фаъолияти адвокатура дар Тоҷикистон аз солҳои 1922 оғоз шудааст. Он замон мо дар ҳайати давлати бузурги Шӯравӣ шомил будем. Баъдан давлати Шӯравӣ суқут кард ва Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Он қонуну меъёрҳое ки дар замони Шӯравӣ буданд, айни замон амал намекунанд. Ба аксари он қонунҳо тағйирот ворид шуд ва бархеаш комилан тағйир ё аз нав қабул гардид. Фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон аслан аз соли 1995 бо қонуни конститутсионӣ «Дар бораи адвокатура» оғоз шудааст. Баъдан, соли 1999 бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун қонуни конститутсионӣ аз миён рафт ва қонун «Дар бораи адвокатура» қабул гардид».
Озодагон: Тибқи хабарҳо ҳоло лоиҳаи нави қонун «Дар бораи адвокатура» дар ҳоли баррасӣ аст. Шумо бо ин лоиҳа ошно шудаед?
Фахриддин Зокиров: Бале. Аз рӯи маълумоти мо лоиҳаи ин қонун ба дастгоҳи иҷроияи президент фиристода шудааст. Айни замон бо ташаббуси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон «Сипар», коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе, коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон бо роҳбарии Амирбеков, коллегияи адвокатҳои Суғд, коллегияи адвокатҳои вилояти Хатлон оид ба ворид кардани баъзе тағиротҳо ба лоиҳаи мазкур пешниҳодҳои мушаххас фиристода шудааст.
Озодагон: Коллегияҳои адвокатҳо бештар ба кадом нуктаҳои лоиҳаи қонун эрод гирифтанд?
Фахриддин Зокиров: Яке аз эродҳои асосӣ дар он буд, ки лоиҳа таъсиси комиссияи тахассусӣ дар назди Вазорати адлия Тоҷикистонро дар назар дорад. Райисии комиссияро яке аз муовинҳои вазири адлия бар зима мегирад. Ҷомеаи адвокатӣ ба ин чиз наметавонад розӣ шавад. Дар тамоми дунё ҳимоя ниҳоди мустақил аст ва мустақилияти он бо меъёрҳои қонун ҳам бояд ҳимоя карда шавад. Вақте дар баррасии парвандаҳои ҷиноӣ ё шаҳрвандӣ аз як тараф мақомоти давлатӣ дар намуди айбдоркунандаи давлатӣ ё прокуроре, ки дар мурофиаи гражданӣ мешинад, аз тарафи дигар ҳимоя аст. Вақте ҳимоя низ зери назорати давлат мешавад, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз байн меравад, шаҳрвандон бе ҳимоя мемонанд.
Баъди нигарониҳои мо дар ин бора онҳо ваҷҳ пеш оварданд, ки бигзор ин комиссия дар назди Вазорати адлия бошад, аммо намояндаи коллегияи адвокатҳо низ шомили он гарданд. Дар ҳар сурат мо фикр дорем, ин нодуруст аст.
Онҳо мегӯянд, ки бисёре аз меъёрҳои лоиҳа аз қонунҳои Русия гирифта шудааст. Аммо дар қонуни Русия комиссия дар назди ҷамъияти адвокатҳо фаъолият мекунад, на дар назди Вазорати адлия. Додани мақоми адвокатиро ҳамин комиссия баррасӣ мекунад ва мақомоти давлатӣ ба он ягон хел иртибот надоранд.
Мо ҳатто пешниҳод кардем, ки бигзор дар ҳамин комисияи тахассусӣ аз мақомоти судӣ, адлия, ҳатто чанд намоянда аз донишгоҳҳои илмии Тоҷикистон низ ворид шаванд. Комиссияе, ки лоиҳаи қонунро барасӣ мекунад, ин пешниҳодро қабул накарда, дар шакли аввалия ба дастгоҳи иҷроияи президент фиристод.
Дигар ин ки дар лоиҳа пешниҳод шудааст, баъди қабули қонун давоми як сол тамоми кормандони коллегияи адвокатҳо дар Тоҷикистон аттестатсия шуда, баъдан ба онҳо мақоми адвокатӣ дода шавад. Ин комилан нодуруст аст. Бари чӣ вақте қонун «Дар бораи прокуратура» қабул шуд, кормандони прокуратураро имтиҳон накарданд? Қонун «Дар бораи милитсия» тасвиб шуд, ин мақом фаъолият мекард?
Озодагон: Ба он комиссияе ки гуфтед лоиҳаи мазкурро назорат мекунад, киҳо шомиланд?
Фахриддин Зокиров: Роҳбарии онро як муовини вазорати адлия бар душ дорад. Худи лоиҳаи қонун ҳам таҳти ташаббус ва коркарди Вазорати адлия таҳия шудааст. Ҳоло, ки лоиҳаро ба Маҷлиси олӣ ирсол накардаанд, мо пешниҳодҳои худро ба шакли алоҳида ба дастгоҳи иҷроияи президент ирсол кардем.
Озодагон: Дар пешнависи лоиҳа аз колегияҳои адвокатҳо касе ширкат дошт?
Фахриддин Зокиров: То ҷое ки ман медонам аз коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон як нафар даъват шуда буд. Аз коллегияи мо ягон кас даъват нашудааст. Баъди он ки дар бораи комиссия маълумот гирифтем, чанд нафарро пешниҳод кардем, аммо ваҷҳ оварданд, ки аллакай комиссия тасдик шудааст ва имконияти нафарони дигарро ба он ворид кардан нест.
Озодагон: Дар шакли аввалия қабул шудани лоиҳа бар зарари адвокатура аст?
Фахриддин Зокиров: Албатта, барои фаъолияти мустақилонаи адвокатӣ як такони мушкил хоҳад шуд. Барои он ки дар ин ҳолат аз ҳуқуқи мустақилият дар баррасии парвандаҳо вобаста ба амал баровардани адолати судӣ маҳрум мешавад. Дар баробари ин масъулияти давлатӣ ба миён меояд. Яъне, вақте мақомоти давлатӣ мақомоти адвокатураро таҳти идораи худ мегирад, барои уҳдадориҳои адвокат бояд давлат ҷавоб диҳад, ки ҳеч имкон надорад. Айни ҳол барои тамоми он муносибати ҳуқуқӣ ва молиявие, ки бо мизоҷ ба миён меояд, бевосита худи адвокат ва коллегияе, ки шартномаро бастааст, уҳдадор мебошад. Дар сурати таҳти назорати давлатӣ қарор гирифтан, мизоҷ метавонад барои барқарор кардани зарарҳои дидааш нисбати адвокат ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати адлия даъво пешниҳод кунад.
Озодагон: Бархеҳо бо ишора ба ҳолатҳои хеле ками сафед шудани айбдоршавандаҳо мегӯянд, нақши вакилони дифоъ дар Тоҷикистон камранг аст. Шумо чӣ мегӯед?
Фахриддин Зокиров: Ҳолатҳои сафедкунӣ ба салоҳияи додгоҳ бастагӣ дорад ва қарорро дар бораи сафедкунӣ суд мебарорад. Ҳимоя фақат далелу ваҷҳ пешниҳод мекунад, ки асос барои сафедкунӣ аст. Лекин дар баррасии парвандаҳо ҳамин далелҳои пешниҳодкардаи ҳимоя ба инобат гирифта намешаванд. Дар таҷрибаи кори мо чандин маротиба буд, ки қарор дар бораи сафедкунӣ қабул шуд, аммо афсус баъдан ҳамин сафедкуниҳо бо назардошти шахсиятҳо, бо назардошти он ки дар натиҷаи сафедкунӣ чанд нафаре, ки ин айбро ба гунаҳкор вобаста карда буданд шояд дар оянда ҷазо ҳам гиранд, баъд ин ҷо оқибатҳои ҳуқуқӣ ба миён меояд, оид ба барқарор кардани зарари маънавӣ, аз ҳамин нигоҳ судҳои болоӣ ин қарорҳоро бекор мекарданд.
Суд як шохаи алоҳидаи давлатдорӣ аст. Вақте қарор мебарораду қарори вай пуштибонӣ намеёбад, судҳо аз сафедкунӣ ҳарос мекунанд.
Ҳолате ҷой дошт, ки як зерҳимояи моро сафед карданд. Баъдан бо қарори суди шаҳри Душанбе қарори қабулкардаи суди зинаи якум бекор шуд. Маротибаи дигар ҳамин нафарро ба додгоҳ кашиданд ва бори дуюм ӯро сафед карданд. Бори дуюм ҳам бо қарори суди болоӣ ин ҳукм бекор шуд. Маротибаи сеюм вақте ба додгоҳ кашиданд, сафед шуд. Аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки баъди сафед кардан қарор бекор шуд ва дигар ӯро сафед накарданд. Мутаасифона, институти сафедкунӣ дар ҷумҳурии мо хеле мураккаб аст.
Озодагон: Инро мешавад адами мустақилияти судҳо гуфт?
Фахриддин Зокиров: Албатта. Инро ҳамчун ҷой надоштани мустақилияти комил аз ҷониби судҳо ҳангоми қабул кардани қарорҳо гуфтан мумкин аст.
Озодагон: Барои муассир кардани нақши адвокатҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ бояд кард?
Фахриддин Зокиров: Аввалин коре ки мо мехоҳем дар ин замина анҷом диҳем, талошҳо барои тағир додани лоиҳаи қонун «Дар бораи адвокатура» аст. Ин лоиҳа бояд бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои бевоситаи адвокатҳо ва амали ҳамин қонунҳо дар таҷриба қабул шавад. Бисёр қонунҳое, ки дар мо қабул мешаванд, дар амалия иҷро намегарданд, чунки қабулкунандаҳои қонун аз амалия бехабаранд. Аз ин рӯ зиёд мехоҳем, ки дар парлумон зимни баррасии ин лоиҳа намояндаҳои колегияи адвокатҳо даъват шаванд, андешаҳои онҳо ба инобат гирифта шавад. Иштироки онҳо барои қабули ҳамин қонун таъмин шавад.
Мо ба парлумон мактуб мекунем. Кӯшиш мекунем дар қабули лоиҳа намояндаҳои мо иштирок кунанд. Ва агар дар парлумон ҳам талаботҳои мо иҷро нашуд, оянда ба тариқи пешниҳод, ба тариқи дархостҳо албатта пешниҳодҳои худро ироа хоҳем кард.
Мусоҳиб: Абдулазизи ВОСЕЪ