Дар Душанбе замин ҷунбид. Шиддаташ то 7 бал ва марказаш -- марзи Тоҷикистону Узбакистон
Соати 11:12 дақиқаи имрӯз, 26-уми май дар шаҳри Душанбе замин ҷунбид.
Ларзиши сахти заминро сокинони навоҳии атрофи пойтахт низ эҳсос кардаанд. Ба қавли масъулони Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар марзи Тоҷикистону Узбакистон буда, шиддаташ то 7 бал будааст.
Ёдовар мешавем, субҳи рӯзи гузашта дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба иттилои Маркази сейсмологии Аврупо маркази зилзила 74-километрии шарқи Тошканд, пойтахти Узбакистон будааст. Ба иттилои манбаъ, иқтидори заминларза 5,5 бал аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.