Корти сурхи Комрони Мирзохон бекор шуд
Комиссияи коршиносони Федератсияи футболи Тоҷикистон шикояти тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро қонеъ кард.
Раҳбарияти дастаи «Парвоз» аз пешниҳоди корти сурх ба ҳимоятгари худ -- Комрони Мирзохон аз сӯйи сардовар изҳори норизоӣ карда, бо ирсоли мактубе хостори расидагӣ ба ин қазия шуда буд.
19-уми май дар чорчуби даври 7-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе қувваозмоӣ кард. Дар дақиқаи 4-уми бозӣ Комрони Мирзохон ба Юҷин Сепуй, ҳамлагари «Истиқлол» бархӯрд. Дуюмӣ ҷароҳати вазнин бардошт ва Парвиз Муртазоев, сардовари бозӣ ба ҳимоятгари «Парвоз» корти сурх нишон дода, ӯро аз бозӣ берун кард.
«Комиссияи коршиносони ФФТ баъди баррасии навори бозӣ ба хулосае омад, ки Комрони Мирзохон барқасдона ин корро накардааст. Гузашта аз ин дар вақти бархӯрд туб зери назорати Комрон буд. Сардовар аз ҷойи ин ҳодиса каме дуртар будааст ва танҳо дар пайи дидани ҳолати бозингари «Истиқлол» ба ҳарифи ӯ корти сурх додааст. Аз ин рӯ комиссия тасмим гирифт, ки бояд корти сурхи Комрони Мирзохон лағв шавад»,-навиштааст сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии «Парвоз» ва «Истиқлол» 0:2 поён ёфт.