“Рӯзи Нур”. Таҷлил аз рӯзи сафари нахустини Оғохон ба Тоҷикистон
Пайравони исмоилия рӯзи сафари нахустини Оғохони чаҳор ба Тоҷикистонро, ки моҳи майи соли 1995 анҷом шуда, ҳамчун “Рӯзи Нур” ёд мешавад, таҷлил мекунанд.
Бисёре аз пайравони ин равия дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, сафари аввалини Оғохон дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ ба онҳо нур овардаву боиси наҷоти садҳо сокини Бадахшон, ки аксаран аз исмоилия пайравӣ мекунанд, аз гуруснагиву дармондагӣ шудааст.
Мусоҳибони мо мегӯянд, ҷашни “Рӯзи Нур” дар хонаводаҳо атрофи як дастархони пур аз нозу неъмат таҷлил мешавад ва дар он бештар аз кору фаъолиятҳои имоми исмоилиҳо, яъне Оғохон, ёдоварӣ мешавад.
Даги Дагиев, аз Донишгоҳи исмоилияи Лондон, ки дар замони сафари нахустини Оғохони чаҳор донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Хоруғ буд, мегӯяд, “баъд аз ин сафар дар Бадахшон дар сатҳи ҳукуматӣ ин рӯз ҳамчун “Рӯзи Нур” эълон шуд. Дар он замон ҷангу гуруснагӣ буд ва мардум умеде ба ояндаи хубе надоштанд. Қадами мубораки Ҳозир Имом мисли як нуре буд, ки барои мо тоҷикон рӯшноӣ овард ва умед ба ҳаёт бахшид.”
Ҷаноби Дагиев мегӯяд, танҳо баъд аз ин сафари пешвои исмоилиҳо, кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон афзуда, имкониятҳо барои таҳсили донишҷӯён дар хориҷа ҳам фароҳам шудааст. “Дигар бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар кулли деҳоту ноҳияҳои Бадахшон оғоз ёфтанд”,-афзуд ӯ.
Неъмати Амонбек, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ҳам бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо мегӯяд, “бо омадани Оғохон ба Тоҷикистон шуълаи ҷанги бародаркуш каме поин рафт ва эшон дар ҳарду тарафи ин ҷанг мулоқот дошт, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ва инҳоро бовар кунонд, ки бояд билохира ба як созиш расанд.”
Дар ҳоле ки ба қавли мусоҳиби дигари мо Даги Дагиев, “ӯ дар суханронии худ гуфта буд, барои Тоҷикистон сулҳ меорам ва дар сулҳи тоҷикон саҳми бузурге дошт. Чанде аз нишастҳои сарони Тоҷикистон ва мухолифони тоҷикро ӯ сарпарастӣ карда буд.”
Оғохон дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва дар давраи баъдиҷангӣ ба пайравони исмоилия ва дигар сокинони Тоҷикистон кумаки худро расонда, чанде аз тарҳҳои муҳим, аз ҷумла бунёди пул ё купрӯкҳо миёни Тоҷикистону Афғонистонро сармоягузорӣ кардааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Нахустин ва бузургтарин маркази фарҳангии исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе се соли пеш мавриди истифода қарор гирифт, ки аз 25 ҳазор метри мураббаъ иборат аст. Сохтмони ин бино ҳанӯз соли 2003 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Оғохони чаҳор оғоз ёфта, тақрибан ҳафт сол идома кард.