Заминларзаи Тошканд шаҳри Хуҷандро ҳам ҷунбонд
Соати 03:19-и субҳи 25-уми май дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Тавре Маркази сейсмологии Аврупо хабар медиҳад, маркази зилзила 74-километрии шарқи Тошканд, пойтахти Узбакистон, будааст. Ба иттилои манбаъ, иқтидори заминларза 5,5 бал аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.
Дар бораи хисороти овардаи ин зилзила ҳанӯз чизе гуфта нашудааст.