Ҳушдори маркази ҳавошиносӣ аз омадани сел дар минтақаҳо
Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то рӯзи 27-уми май дар ҷумҳурӣ борону жолаи сахте хоҳад борид.
Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 25-уми май дар қисмати ғарбии Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ боридани борону жола дар назар аст. “Ҳарорати ҳаво дар водиҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва Суғд 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳарорат то 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд”,-гуфт ӯ.
Ба қавли манбаъ, рӯзи 26-уми май низ боридани борону жола дар вилояти Суғд ва Хатлон пешгӯӣ карда мешавад. Ҷамила Байдуллоева мегӯяд, ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар қисматҳои кӯҳӣ ҳарорат шабона 5-10 ва рӯзона аз 15 то 19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Инчунин, дар шаҳри Душанбе имрӯз, 25-уми май ва фардо, 26-уми май, ҳавои абрӣ буда, эҳтимоли боридани борони сахту жола дар назар будааст.
Масъули маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи боришоти зиёд дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ хавфи селфароӣ аз эҳтимол дур нест.