Сӯҳбати хабарнигори “Озодагон” бо Илҳомҷон Ҳамидов, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар рӯзи ҷавонон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.
Агар гуруҳе аз мавқеи Ҳамидов, ки гуфта буд, ҷавонон бояд аз шароити имрӯза шукргузорӣ кунанд, тарафдорӣ карда бошанд, аксарият ин ҳарфҳоро ба боди танқид кашидаанд.
Аз ҷумла яке аз хонандаи мо бо номи Уғулой дар бахши “коммент” ё шарҳҳои торнамои “Озодагон” хитоб ба Илҳомҷон Ҳамидов номае навиштааст, ки онро дар шакли комилаш нашр мекунем:
“Илҳом Ҳамидов, Шумо мегӯед, имрӯз ҷавонони мо пеш рафтаанд ва озоданд. Ба гӯши кӣ афсона мехонед? Магар мардумро то ҳамин дараҷа бесавод ё гӯл меҳисобед? Ман аз Шумо чунин суханҳоро интизор набудам.
Ман ҳам "патриот" ҳастам, вале симои Ватанро на дар мансабдорону раҳбарон ва ватандӯстдориро на дар дӯст доштани раҳбарон мебинам. Ман ватанамро дар симои халқи азизам мебинам, ки имрӯз азият мекашад.
Якум, ҷавонон озодии сиёсӣ надоранд. Дувум, ҷавонон ба дарёи бесаводӣ ғӯтавар шуда истодаанд. Барои мисол, узвият дар китобхонаи боҳашамати воҳиманок маҷбурист. Ҷавонони тоҷик хеле қафо мондаанд, ҳатто забони русиро балад нестанд.
Ин диссертатсияҳои менавиштаи ҷавонони мову Шумо ба кор намеоянд, харидаву фурӯхта шудаанд ва хамчунин “копироват” шудаанд. Киро фиреб мекунем? Худамонро? Мисли рӯбоҳе, ки қадаш ба ангур нарасидаасту ҳоло ангур хом гуфта рафтааст? Ана, ба чӣ монанд шудаем.”