Бархе аз ҷавонон IPad-ҳои туҳфашударо ба фурӯш гузоштаанд
Туҳфаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба беш аз 2 ҳазор ҷавон боис ба поинравии нархи планшетҳо дар бархе аз марказҳои савдои шаҳри Душанбе, аз ҷумла ЦУМ гардидааст.
Баъзе аз ҷавонон, ки дар мулоқоти рӯзи 23 май бо Эмомалӣ Раҳмон соҳиби айпад гардида буданд, аз субҳи 24 май дар пайи фурӯши туҳфаи гирифтаи худ дар марказҳои савдо мебошанд.
Яке аз тоҷирони фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “баъзе аз донишҷӯён ба маблағ ниёз доранд ва аз ин рӯ, планшетҳои гирифтаи худро ба мо оварда медиҳанд, то фурӯшем”. Иддае аз ҷавонон, ба гуфтаи ӯ, айпадҳои худро бо ноутбук иваз мекунанд.
Ёдрас менамоем, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба беш аз ду ҳазор ҷавон мулоқот карда, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ба ҳар яке аз онҳо айпад тақдим кард.