Саҳмдорони “Мовароуннаҳр”: Ба ҷои гирдиҳамоӣ шанбегӣ мекунем
Муштариёни ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” мегӯянд, посухи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба номаи онҳо, умедашонро барои ҳалли мушкилот зиёд кардааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳмдорони ҶДММ “Мовароуннаҳр” дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, посухи раисиҷумҳур зерҳимояҳояшро дилгарм кардааст. Ӯ афзуд, як қатор мушкилиҳои саҳмдорони “Мовароуннаҳр” ҳал шудаанд, вале ду мушкили ҷиддӣ ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд: “Мушкили асосии саҳмдорони ширкати “Мовароуннаҳр” ин аст, ки бо қарори додситонии кул аз соли 2010-ум аз ҳуқуқҳои нотариалии худ маҳруманд. Чанд рӯз қабл аз Додситонии кулл дархост карда будем, ки ҳуқуқҳои нотариалии ширкати мазкурро баргардонад, аммо то ҳол посух нагирифтаем.”
Ба қавли номбурда мушкили дигари саҳмдорон марбут ба Додгоҳи олист, ки бояд ҳамаи талаботи онҳоро пазируфтаву ҳукмҳои то ҳол содиршударо маънидод кунад.
Ёров аз қавли зерҳимояҳояш гуфт, дар сурати ҳалли ин ду мушкил саҳмдорони “Мовароуннаҳр” ба ҷои гирдиҳамоӣ дар пойтахт шанбегиро ташкил хоҳанд кард: “Мо эълон мекунем, ки ситоди гирдиҳамоӣ пароканда мешавад ва бо иштироки саҳмдорон ба ҷои гирдиҳамоӣ ба ободкорӣ ё ба ибораи дигар ба шанбегӣ мебароем.”
Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, рӯзи 20-уми май, даъвои саҳмдорони ширкати "Мовароуннаҳр"-ро қонеъ кард. Додраси Сино бо ҳалномаи худ амали кормандони иҷрочии судро дар мавриди ба ҳабс гирифтани амволи “Мовароуннаҳр” беасос ва ғайриқонунӣ донист. Тибқи қарори додгоҳ 8-9 биное, ки бевосита ба худи саҳмдорон тааллуқ доранд ва аз 30-юми апрели соли 2013 ба ҳабс гузошта шуда буданд, ба саҳҳомон баргардонида шаванд. Додрас таъкид кардааст, ки хонаҳо ба ягон нафари бегона фурӯхта нашаванд, то ҳуқуқҳои саҳҳомон дубора поймол нагарданд.
Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба қазияи саҳмдорони “Мовароуннаҳр” дахолат карда, ба мушовири ҳуқуқияш Давлатов Ҷумъахон дастур додааст, ки ба мушкили муштариёни ширкат расидагӣ кунад.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилашон саҳҳомон ният доштанд, рӯзи сеюми июн дар рӯ ба рӯи бинои парлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ кунанд, аммо шаҳрдорӣ иҷозат надод.